Тафтиши парванда нисбати афсари рус Иван Шербаков, ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли як зан, сокини 22-солаи Душанбе боздошт шуда буд, ба итмом расид.
Ҳафтаи оянда он ҷиҳати баррасӣ ба суди ҳавзаи ҳарбии Урал фиристода мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» манбаъҳои наздик ба зани кушташуда хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Шербаков ба «куштори барқасдона» айбдор карда шуда, парвандаро гурӯҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия ҳамроҳ бо ҳайати фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия тафтиш кардаанд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия
аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта
, солим дониста шуд.
Шербаков ба қатли сокини шаҳри Душанбе Шоира Ҷобироваи 22-сола, ки 5 ноябри соли гузашта рух дода буд, айбдор карда мешавад. Он замон
иттилоъ дода шуд,
ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.
Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки
ба қатли як зани тоҷик
Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад,
ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и
№1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишот – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан
Радиои Озодӣ
бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.





