Ҷустуҷӯи эмиссари Давлати исломӣ бо тахаллуси «Анас» дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон Анӯшервон Азимов, сокини 26-солаи деҳаи Тутқавули шаҳри Норакро аз эмисарони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) медонанд, ки бо тахаллуси “Анас” маъруф буда, ба гуфтаи мақомот, беш аз сад тоҷикистониро ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ сафарбар намудааст. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтаст, 40 дарсади аз Сурия ва […]

Радиои Озодӣ



Мақомоти Тоҷикистон Анӯшервон Азимов, сокини 26-солаи деҳаи Тутқавули шаҳри Норакро аз эмисарони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) медонанд, ки бо тахаллуси “Анас” маъруф буда, ба гуфтаи мақомот, беш аз сад тоҷикистониро ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ сафарбар намудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 11-уми апрел ба

Радиои Озодӣ

гуфтаст, 40 дарсади аз Сурия ва ё аз роҳи сафар ба ин кишвар ба ватан баргаштаҳо иқрор шудаанд, ки онҳо бо ташвиқи “Анас” ном ҷавони тоҷик дар Маскав ба ин роҳ рафтаанд.

Ин мақом гуфтааст, ним соли пеш шахсияти“Анас” ба мақомот маълум шуд. Ӯ он замон дар Русия қарор дошта, аммо пас аз эълони ҷустуҷӯяш аз ин кишвар нопадид шудааст.

Манобеи Озодӣ гуфтаанд, “Анас” ва ё худ Анӯшервон Азимов давоми ду соли ахир ба ташвиқ, ҷалб ва сафарбар кардани ҷавонон ба сафи гурӯҳи тундгарои ба ном “Давлати исломӣ” машғул будааст. Ҳангоми сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ “Анас” бардурӯғ изҳор медоштааст, ки худи ӯ низ пас аз як моҳ ба онҷо сафар мекунад.

“Ӯ пас аз ташвиқ ва мағзшӯии ҷавонон ба онҳо чиптаи ҳавопаймои самти Русия –  Туркия гирифта, инчунин тариқи интернет то марзи Сурия онҳоро раҳбаладӣ мекардааст. Ҳоло худаш дар куҷо қарор дорад, маълум нест,” -гуфтааст ҳамсӯҳбати радио.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аксари ин шаҳрвандон аз Русия бо даъват ва маблағгузории эмиссарҳое, мисли Анӯшервон Азимов то хоки Сурия ва Ироқ расидаанд.

Мақомот “Анас” ва ё худ Анӯшервон Азимовро аз хатарноктарин эмиссарҳои тоҷики гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” медонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.