Ниммарафони навбатии байнулмилалӣ дар Душанбе



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 16 апрел бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон Ниммарафони VII байнулмилалӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати сармоягузорӣ ва амволи мақомоти шаҳрдории пойтахт дастур додааст, ки сарпарастони ниммарафонро муайян намоянд.

«Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардида, мақоми арзандаро касб кардааст. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик, чун анъана намояндагони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар давлатҳо ширкат меварзанд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки барои ғолибони ниммарафон ҳам миёни занон ва ҳам дар байни мардон, ки ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 11 ҳазору 790 сомонӣ барои ҷойи 6-ум то 27 ҳазору 510 сомонӣ барои ҷойи 1-ум мукофотпулиҳо тақдим карда мешаванд.

Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки вразишгарони аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд. 

spot_imgspot_img

Популярное