Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буд, мавриди ғорат қарор гирифт. Дар ин автобуси начандон бузург 18 нафар ҳузур дошта, қариб ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Бино ба
иттилои
хабаргузории КирТАГ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолобод, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ронандаи мусофиркаши хурд (маршрутка)-и хатсайри байнулмилалӣ ба онҳо занг зада, изҳор доштааст, ки ба ӯ ва 18 нафар мусофиронаш ҳамла сурат гирифта, онҳо ғорат шудаанд. «Афроди номаълуми мусаллаҳ бо силоҳи оташфишон аз ӯ ва мусофиронаш маблағи зиёди пулиро тасарруф намудаанд», – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ба кормандони мақомоти милитсияи ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда ҷабрдидагон ҳикоят кардаанд, ки аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буда, аз ронанда дархост намудаанд, ки дар канори роҳ биистад, то ки аз ҳавои тоза нафас гиранду тамоку кашанд.
«Ин замон чор нафар ҷавони ниқобпӯш ба дохили автомашина ворид шуда, бо таҳдиди таппонча ҳамаро ба берун баровардаанд ва амр додаанд, ки ба замин бихобанд. Сипас бағочу борхалтаи онҳоро тагурӯ намуда, беш аз 100 ҳазор сом (ҳудуди 1 ҳазору 470 доллар)-ро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», – қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки ба гумони даст доштан дар ин ҳамлаи ғоратгарона чор нафар боздошт ва айни замон даст доштани онҳо ба дигар чунин ҷиноятҳо таҳқиқ мешавад.





