Ғорати автобуси тоҷикони раҳсипор ба Русия дар Қирғизистон

Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буд, мавриди ғорат қарор гирифт. Дар ин автобуси начандон бузург 18 нафар ҳузур дошта, қариб ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Бино ба иттилои хабаргузории КирТАГ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолобод, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ронандаи мусофиркаши хурд (маршрутка)-и хатсайри байнулмилалӣ ба онҳо […]



Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буд, мавриди ғорат қарор гирифт. Дар ин автобуси начандон бузург 18 нафар ҳузур дошта, қариб ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Бино ба

иттилои

хабаргузории КирТАГ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолобод, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ронандаи мусофиркаши хурд (маршрутка)-и хатсайри байнулмилалӣ ба онҳо занг зада, изҳор доштааст, ки ба ӯ ва 18 нафар мусофиронаш ҳамла сурат гирифта, онҳо ғорат шудаанд. «Афроди номаълуми мусаллаҳ бо силоҳи оташфишон аз ӯ ва мусофиронаш маблағи зиёди пулиро тасарруф намудаанд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ба кормандони мақомоти милитсияи ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда ҷабрдидагон ҳикоят кардаанд, ки аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буда, аз ронанда дархост намудаанд, ки дар канори роҳ биистад, то ки аз ҳавои тоза нафас гиранду тамоку кашанд.

«Ин замон чор нафар ҷавони ниқобпӯш ба дохили автомашина ворид шуда, бо таҳдиди таппонча ҳамаро ба берун баровардаанд ва амр додаанд, ки ба замин бихобанд. Сипас бағочу борхалтаи онҳоро тагурӯ намуда, беш аз 100 ҳазор сом (ҳудуди 1 ҳазору 470 доллар)-ро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки ба гумони даст доштан дар ин ҳамлаи ғоратгарона чор нафар боздошт ва айни замон даст доштани онҳо ба дигар чунин ҷиноятҳо таҳқиқ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.