«Сомон Эйр» хатсайрҳои нав боз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ифтитоҳи ду хатсайри навро дар самти Душанбе – Кобул (Афғонистон) ва Душанбе-Лоҳур (Покистон) эълон мекунад. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, ширкати «Сомон Эйр» ба пойтахти Афғонистон ҳафтае як маротиба – рӯзи ҷумъа парвоз хоҳад кард. Хатсайри аввалин ба самти мазкур дар санаи 29 апрел иҷро мегардад. Вақти парвоз аз […]



Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ифтитоҳи ду хатсайри навро дар самти Душанбе – Кобул (Афғонистон) ва Душанбе-Лоҳур (Покистон) эълон мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, ширкати «Сомон Эйр» ба пойтахти Афғонистон ҳафтае як маротиба – рӯзи ҷумъа парвоз хоҳад кард. Хатсайри аввалин ба самти мазкур дар санаи 29 апрел иҷро мегардад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 18-55 ва аз Кобул ба Душанбе соати 21-00 бо вақти маҳаллӣ. Вақти парвоз 1 соатро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, парвозҳо ба Лоҳур ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа амалӣ хоҳанд гашт. Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар самти Душанбе-Теҳрон-Душанбе парвозҳоро ба роҳ монад. Тамоми парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737 амалӣ хоҳанд гашт.

Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.