Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Сафари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба Тоҷикистон анҷом мепазирад; – Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба умури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Петер Буриан ба Душанбе ташриф меорад; – Дар Тоҷикистон размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД – «Ҷустуҷӯ-2016» идома меёбад; – Сафари ҳайати Афғонистон таҳти раҳбарии […]



Анонс



– Сафари Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба Тоҷикистон анҷом мепазирад;

– Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба умури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Петер Буриан ба Душанбе ташриф меорад;

– Дар Тоҷикистон размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД – «Ҷустуҷӯ-2016» идома меёбад;

– Сафари ҳайати Афғонистон таҳти раҳбарии мушовири президенти ин кишвар Вайс Аҳмад Бармак ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба ҳамоҳангсозии мададрасонони Барномаи безараргардонии минаҳо дар Афғонистон;

– Сафари комиссияи байниҳукуматии ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти сарварии муовини вазири иқтисоди ин кишвар Халид ал Ғоним ал Қайс барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар Душанбе;

– Дар шаҳри Душанбе бо иштироки 20 нафар ҳунармандони ҳиндӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон оғоз меёбанд.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8696

сомонӣ;


1

евро –

8.9259

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1172

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1949

– Конгресси I-уми умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ ба кор шуруъ кард.


2009

— Дар Душанбе қурултойи хурди қазоқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон баргузор шуд.


2012

— Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаҳои саноатӣ дастур дод, ки то ахири сол ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаранд.


1923

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёр Иқбол Табаров.


1931

– Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Ҳақназар Назаров.


1933

– Зодрӯзи адабиётшинос Соат Чалишев.


1934

– Мавлуди драматург Абдусалом Атобоев.


1935

– Зодрӯзи шоир Мастон Шералӣ.


1938

– Мавлуди коргардон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев.


1939

– Мавлуди нависанда Ҷамолиддин Тошматов.


1946

– Зодрӯзи фарҳангшинос Лариса Назарова.


1956

– Мавлуди журналист Давлатбев Ҷалолов.


1959

– Зодрӯзи овозхон Абдумаҷид Бердиев.


1960

– Мавлуди Муродалӣ Алимардон, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон.



Вазъи обуҳаво




Дар




вилояти




Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона +3+8.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14 рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12 рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +12+14 рӯзона+18+20.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +21+23.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +16+18.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.