Таксирони тоҷик мубаллиғи Давлати исломӣ дар Маскав



Дар ҷараёни амалиёти «Такси» кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистонро, ки ба гумони ҷалби одамон ба сафҳои созмони фаъолияташ мамнӯъ дар қаламрави Русия – Давлати исломӣ мавриди пайгард қарор дошт, боздошт намуданд.

Сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав Анатолий Якунин гуфтааст, дар доираи ин амалиёт таксирон, зодаи Тоҷикистон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар даргириҳои Сурия мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаст, боздошт шуд.

Ба гуфтаи ӯ, 173 ҳазор нафар ронандагони автомашинаҳои сабукрави такси санҷида шуда, маълум шудааст, ки беш аз 40%-и таксиронҳо шаҳрвандони хориҷӣ ва маъмулан аз кишварҳои хориҷи наздик мебошанд.

«Миёни онҳо 902 нафарашон барои содир намудани ҷиноят, аз ҷумла 14 нафар барои куштор ва ҳамчунин афроди маҳкумшуда бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд», – иброз доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, кормандони пулис 304 нафар таксиронҳоро бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ошкор намудаанд, ки бо шаҳодатномаҳои қалбакӣ ба мусофиркашонӣ машғул будаанд.

spot_imgspot_img

Популярное