Имомхатиби яке аз масҷидҳои Суғд барои таблиғи салафия маҳкум шуд

Имомхатиби масҷиди намози панҷгонаи ба номи «Имоми Аъзам»-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва чор нафар ҳаммаслаконӣ ӯ барои узвият дар сафҳои равияи динии мамнӯъ дар Тоҷикистон – Салафия маҳкум шуданд. Боир Зоирзода, судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамзамон раиси ин мурофиа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имомхатиби 58-сола Ҳамид Каримов […]



Имомхатиби масҷиди намози панҷгонаи ба номи «Имоми Аъзам»-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва чор нафар ҳаммаслаконӣ ӯ барои узвият дар сафҳои равияи динии мамнӯъ дар Тоҷикистон – Салафия маҳкум шуданд.

Боир Зоирзода, судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамзамон раиси ин мурофиа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имомхатиби 58-сола Ҳамид Каримов ва ҳаммаслакони ӯ – Абдумаҷид Абдуқодирови 34-сола, Муҳаммадсаид Саидови 35-сола, Мирзомуҳаммад Раҳматови 32-сола ва Фарҳод Каримови 31-сола, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, моҳи январи соли равон боздошт шудаанд.

«Имомхатиб масҷиди намози панҷгонаро ба ду қисмат тақсим намуда, дар якеаш ҷонибдоронаш ҷамъ омадаву ибодат мекардаанд ва ӯ ба онҳо афкори равияи салафияро таблиғ мекардааст. Дар қисмати дигар бошад, ибодати маъмулӣ сурат мегирифтааст. Ҷонибдоронаш дар хонааш ҳам ҷамъ мешудаанд», – иброз дошт судя.

Зимнан зикр гардид, ки имомхатиб ба 8 сол ва чор тан аз ҳаммаслаконаш ҳар кадоме ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.