Душанбе ва Кобул раванди омодагиҳо ба оғози лоиҳаи CASA-1000-ро баррасӣ карданд

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ 19 апрели соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар доктор Насираҳмад Андеша, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии […]



Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ 19 апрели соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар доктор Насираҳмад Андеша, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин замина ба раванди омодагиҳо ба баргузории маросими расмии оғози сохтмони тарҳи КАСА -1000, ки татбиқи он дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва таъмини амнияту суботи минтақа аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, таваҷҷуҳи вежа зоҳир гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки атрофи тарҳҳои дигари минтақавӣ ва масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният, ҳифзи сарҳадот ва муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ ва қочоқи маводди мухаддир табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.