Рақами ягонаи телефони муроҷиат ба мақомоти милитсия


Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи

1919

ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКд Тоҷикистон, минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPS), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

spot_imgspot_img

Популярное