Пазироии сафири Туркманистон дар Академияи илмҳо

Дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 апрел сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чари Адаев пазируфта шуд. Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохурӣ ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳо Кароматулло Олимов, Саимуҳаммад Одинаев, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов ва […]



Дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 апрел сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чари Адаев пазируфта шуд.

Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохурӣ ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳо Кароматулло Олимов, Саимуҳаммад Одинаев, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунёд Ғаффоров ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Туркманистон ҳамкориҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Туркманистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин омодагӣ оид ба баргузор намудани мизи мудаввар бахшида ба зодрӯзи шоири шинохтаи туркман Махтумқулӣ баррасӣ гардид.

Ҳамин рӯз дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ бо директори барномаи Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Олмон дар Осиёи Марказӣ Борис Леонидович Тихомиров, намояндаи ин Иттиҳод Кристиан Роттгер ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Ҳамдамзода баргузор гардид.

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохурӣ ҳамчунин ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳиба Якубова ва саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвонот ва экасистемаҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.