Ташрифи президенти Glencore International AG ба Тоҷикистон (Аксҳо)

Ҳайати ширкати швейтсарии трейдингии Glencore International, ки яке аз ширкатҳои бузургтарини таъминкунандаи маҳсулот ашёи хом ва маводи нодири заминӣ дар саросари ҷаҳон маҳсуб меёбад, ба Душанбе ташриф овард. Ҳайатро президенти ширкат айван Гласенберг раҳбарӣ мекунад. Ҳайат дирӯз аз «Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) боздид намуд, ки чандин сол байни ҳамдигар ҳамкорӣ доранд. Ширкат ба корхонаи бузургтарини […]



Ҳайати ширкати швейтсарии трейдингии Glencore International, ки яке аз ширкатҳои бузургтарини таъминкунандаи маҳсулот ашёи хом ва маводи нодири заминӣ дар саросари ҷаҳон маҳсуб меёбад, ба Душанбе ташриф овард. Ҳайатро президенти ширкат айван Гласенберг раҳбарӣ мекунад.


























Ҳайат дирӯз аз «Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) боздид намуд, ки чандин сол байни ҳамдигар ҳамкорӣ доранд. Ширкат ба корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон барои гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва азнавсозии истеҳсолот кумак мекунад.

Имрӯз дар  Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот фаъолияти Ширкати «Гленкор» дар Тоҷикистон ва ҳамкории он бо корхонаҳои бузурги саноатии мамлакат муҳим арзёбӣ шуда, таъкид  гардид, ки  ҳанӯз  ҳам дар раванди пешбурди муносибатҳои  ҳамкорӣ  имконоту  иқтидорҳои  истифода  нашуда зиёд ба назар мерасанд.

Гуфта мешавад, ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария аз соли 2007 инҷониб бо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» шартномаи ҳамкорӣ дошта дар таъмини эҳтиёҷоти  ин корхонаи  бузурги саноатии мамлакат бо гилхок ва алюминийии аввалия саҳм мегузорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.