Намоиши китобҳои тозанашр дар китобхонаи Академияи илмҳо

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз, 20-уми апрели соли 2016 дар толори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашри Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик доир гардид.

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи вусъат бахшидан ба муносибатҳои пажуҳишию таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои дигари илмию фарҳангии кишвар китобҳои дар солҳои 2015-2016 ба табъ расидаи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуд.

Дар намоиши китобҳои тозанашр гузориши директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммади Сӯфизода “Оид ба ҳамкории судманду муфиди илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик ба хотири таҳким ва тавсеъаи ҳарчи беҳтар ва бештари муносибатҳои ду ниҳод» таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд”.

Созмон додани ин намоиш василаест барои ҳарчи бештар ҷалб намудани олимони тоҷик барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаву созанда бо дигар ниҳодҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии кишвар. Осори ба намоиш даромада аз лиҳози муҳтаво арзишманд буда, мавриди таваҷҷуҳи хоси аъзои китобхона мебошад.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...