Баррасии масъалаи иштироки нозирони СҲШ дар раъйпурсии Тоҷикистон



Аз 19 то 22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи номбурда Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода намояндагӣ дорад.

Гуфта мешавад, дар рафти ҷаласаи зикршуда лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва мавзӯъҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаҳои дарпешистодаи мақомоти СҲШ, хусусан Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ, раванди музокирот оид ба қабули давлатҳои аъзои нав ба СҲШ ва дигар масъалаҳои рӯзмараи фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор доранд, аз ҷумла иштироки Миссияи нозирон аз СҲШ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” 22 майи соли 2016.

spot_imgspot_img

Популярное