Вохӯрии сарвазир бо намояндаи махсуси ИА ва сафири ИМА



Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Питер Буриан мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масоили рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ба масоили марбут ба амалисозии барномаи ҳамкории дуҷониба дар давраи солҳои 2014-2020, ки ба рушди деҳот, бахшҳои маорифу тандурустӣ нигаронида шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷонибҳо ҳамчунин бобати дурнамои рушди Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Қоҳир Расулзода имрӯз ҳамчунин сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Инга Миллардро низ ба ҳузур пазируфта, дар мулоқоти мазкур дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА баррасӣ шуд.

Зимни вохӯрӣ аз вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону ИМА қаноатмандӣ изҳор шуд.

spot_imgspot_img

Популярное