Осеби гелоси Ҳисор аз боронҳои пайдарпай (Аксҳо)



Боғдорони водии Ҳисор, аз ҷумла кишоварзони ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзода аз осеби зиёди боронҳои пайдарпай ба дарахтони мевадор дар ташвишанд.

Яке аз фермерон дар ин робита гуфт, обуҳавои номусоид ба дарахтон дар баъзе боғҳо зиёни зиёд расонида, ин ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ мерасонад. «Аз ҳама бештар дарахтони гелос осеб дида, акнун имсол аз он ҳосили хубро интизор шудан ба гумон аст», – иброз дошт номбурда.

Ғайр аз ин, ба дарахтони зардолу ва шафтолу ва ҳамчунин навъҳои барвақтӣ (пешпазак)-и ангур дар токзорҳои ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва Турсунзода зарари ҷиддӣ расидааст.

Тавре маълум аст, аксари токзору боғҳо суғурта нашудаанд ва аз ин рӯ, зиёнро фермерону хонаводаҳо мустақилона ҷуброн мекунанд. Қитаҳоеро, ки аз борони шадиди пайдарпай осеб дидаанд, муддати тӯлонӣ мебояд барқарор кард, чунки соли оянда низ ҳосил дода наметавонанд.

Сокинони ин минтақаҳо пешгӯӣ доранд, ки бинобар сабаби камҳосилии ин навъи дарахтони мевадор, соли равон нарх ба онҳо баланд хоҳад буд.

spot_imgspot_img

Популярное