Ҷоизаи пулии сарпараст ба Комроншоҳи Устопириён



Дар Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон ба паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии дзюдои Осиё дар Тошканд унвони қаҳрамониро ба даст овард, 10 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ доданд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, ин ҷоизаро ба Комроншоҳ рӯзи 21 апрел Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон раҳбари ширкати “Ғаюр” супурд, ки сарпарасти кулли КМО Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, дарёфти ҷоизаи пулии Комроншоҳ бо ин хатм нашуда, бар асоси меъёрҳои талаботи ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, Комроншоҳро барои медали тиллои қаҳрамонии Осиё ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ мукофоти раисиҷумҳур низ интизор аст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар маросими супурдани ҷоизаи молӣ ба паҳлавони тоҷик Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфтааст, ки Комроншоҳи Устопириён аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст.

Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин маросим иброз доштааст, Комроншоҳи Устопириён ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуда, онҳо боз як-ду роҳхати олимпиро аз гуштигирони худ чашмдоранд.

Инчунин, дар ин маросим Комроншоҳро бо пирӯзиаш Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, муборакбод кардааст.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар Тошканд – пойтахти Узбакистон – баргузор шуд, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 килограмм

ҳамаи рақибонашро шикаст дода

, соҳиби медали тилло шуд.

spot_imgspot_img

Популярное