Баррасии равандҳои муҳими ҳамкорӣ миёни ИА ва Тоҷикистон



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 21 апрел мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти роҳбарии намояндаи махсуси он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкорӣ  миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои минтақавӣ, амниятӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ар мулоқот сардори Раёсати мутобиқати рушди Комиссияи Аврупо Йобст фон Кирчман, мудири Шӯъбаи мутобиқати ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ИА Филберто С.Себергонди, мудири Шӯъбаи оид ба пешгирии низоъ, пуштибонии сулҳ ва васотати ИА М.Василевск, мудири Шӯъбаи Осиёи Марказии ИА Беренис Мурайле, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич ва дигар аъзоёни ҳайат низ ҳузур доштанд.

spot_imgspot_img

Популярное