Вакилон бори дигар зарурати қабули тағйирот ба Конститсияро шарҳ медиҳанд



Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 25 апрел то 5 май дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо барпо мекунанд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯриҳо вакилон ба интихобкунандагон дар бораи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи ҶТ ва зарурати қабули онҳо дар шароити ҳозираи рушди кишвар маълумот медиҳанд.

Вакилони парлумон ҳамчунин аз аҳолӣ даъват ба амал хоҳанд овард, то ки дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзанд.

Дар ҷараёни сафар вакилон ҳамзамон бо вазъи иқтисодву иҷтимоӣ дар минтақаҳо ва мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ аз наздик ошно гардида, сокинони ҷумҳуриро аз фаъолияти парлумон ва ҷараёни амалисозии барномаҳои пешазинтихобтии худ огоҳ месозанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вакилони палатаи поёнии парлумон аз 16 то 26 феврал бо интихобкунандагони худ дар минтакаҳо вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо мазмуну муҳтавои тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияро шарҳ дода буданд.

spot_imgspot_img

Популярное