Дар Сурия як ифротгарои тоҷик кушта шуд



Артиши Сурия беш аз 75 тан аз ҷангиёни созмони террористии ба ном Давлати исломӣ, аз ҷумла як фармондеҳ, зодаи Тоҷикистонро нобуд кардааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Free News, нимаи ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Дайр-уз-Зор воҳидҳои гурӯҳи десантии гвардияи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии нерӯҳои мудофиаи миллӣ дар ҷараёни задухӯрди шадид бо террористони Давлати исломӣ мавзеи Ас-Синъаро озод намуда, ҳамчунин зимни амалиёти махсус 75 нафар ҷангиён, аз ҷумла як фармондеҳи сахроии аз Тоҷикистон ба Сурия омадаро куштаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба сарчашмаҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар Сурия

Анӯшервон Азимов

, сокини 26-солаи шаҳри Норак кушта шудааст, ки зиёда аз 100 нафар ҳамдиёронашро ба сафҳои Давлат исломӣ ҷалб кардааст.

Тибқи маълумоти сохторҳои қудратии Тоҷикистон, айни замон беш аз 1000 нафар сокинони Тоҷикистон дар сафҳои Давлати исломӣ қарор дошта, дар даргириҳои Ироқу Сурия меҷанганд.

spot_imgspot_img

Популярное