Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон семоҳаи аввали соли ҷорӣ 9 млрд. 332 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,5% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 22% – ба ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо рост меояд.
Дар сохтори ММД ҳиссаи саноат бо шумули энергетика – 17,4%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 15,1% ва андозҳо – 14,2%-ро ташкил дода, ҳиссаи сохтмон аз 8,8%-и соли гузашта то 8,1% поин рафтааст.
Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми ММД аз рӯйи натиҷаҳои соли 2016-ро дар сатҳи то 7% пешбинӣ кардааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2015 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, аз рӯи таносуби нарх нисбат ба соли 2014 ба миқдори 6% афзуд.





