Моҳи май тоҷикистониён 11 рӯз истироҳат мекунанд

Бо назардошти рӯзҳои истироҳати маъмулӣ ва рӯзҳои ид – Якуми май ва Рӯзи Ғалаба, моҳи майи соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон 11 рӯз истироҳат мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзи истироҳат, яъне […]



Бо назардошти рӯзҳои истироҳати маъмулӣ ва рӯзҳои ид – Якуми май ва Рӯзи Ғалаба, моҳи майи соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон 11 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзи истироҳат, яъне шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи минбаъда низ рӯзи истироҳат мешавад.

Масалан, санаи 1 майи соли 2016, рӯзи ҷашни Якуми май имсол ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи минбаъдаи корӣ, яъне душанбеи ҳафтаи оянда, 2 май низ рӯзи истироҳат аст.

Ҳамин тариқ, моҳи оянда шаҳрвандони Тоҷикистон 11 рӯз – рӯзҳои 1,2,7,8,9,14,15, 21,22, 28 ва 29 май май истироҳат мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.