Дар Академияи илмҳо вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон” баргузор гардид. Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронс масъулини Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии […]



Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон” баргузор гардид.

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронс масъулини Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, идораҳои марбутаи давлатӣ ва сафирону намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ иштирок доштанд.

Сараввал президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки дар кишвари ба мо ҳамсарҳад Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мутаассифона дар давоми 37 сол нооромии сиёсӣ ҳукмфармост. Масъалаи амният ва оромиву осудагии Афғонистон яке аз масъалаҳои хеле муҳим буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин масъала бетараф нест.

Дар Конференсия Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Абдулғафур Орзу қайд намуд, ки дар вазъи ҳалли қазияи сиёсии Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд саҳмгузор бошанд. Бояд иқрор кард, ки агар ҷисман гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии Федератсияи Россия маҳв шуда бошад, аммо идея ва идеалогияи он дар мафкураи баъзе инсонҳо боқӣ мондааст.

Дар Конференсияи байналмилалӣ сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ғоибов, мудири Маркази таҳлил ва ояндабинии “Отрытый Мир” (Қазоқистон) Олжас Сулейменов, муовини директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сафолзода, Сардори шуъбаи Ситоди генералии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Хуршед Шозедов ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногуни “Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон” суханронӣ карданд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.