Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели марги сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Қурбонмадовро, ки ба гуфтаи хешонаш бар асари лату кӯб фавтидааст, мавриди санҷиш қарор додааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Омбудсмен, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳодисаи марги сарбози қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Қурбонмадов бо Прокурори Ҳарбии гарнизони минтақаи Рашт полковник Собирзода Идибег дар тамос шуда, маълум шудааст, ки тибқи санҷиши пешакӣ Қурбонмадов Б. аз сактаи дил вафот кардааст.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол оид ба қазияи мазкур санҷиши прокурорӣ давом дошат, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти тафтишоти қазияи мазкурро зери назорат гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20 апрел Радиои Озодӣ дар ин робита
иттилоъ дода буд
, ки ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз карда буд.





