Иттиҳоди Аврупо бо рафти иҷрои шартҳои дастгирии буҷети Тоҷикистон шинос шуд

Пайрав Чоршанбиев



Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои дастгирии буҷети Тоҷикистон маблағи навбатиро ҷудо карданист.

Рӯзи 3 май зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдуҷаббори Қурбониён бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷараёни иҷрои шартҳо ҷиҳати пешниҳоди воситаҳои грантӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо ҷараёни ислоҳот дар бахшҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молияи давлатиро баррасӣ намуда, «ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва пурсамари Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо»-ро таъкид доштанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Барномаи дастгирии рушди инсонӣ Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии буҷети Тоҷикистон воситаҳои бурсӣ ҷудо мекунад. Ин воситаҳоро ҷумҳурӣ дар сурати баргузор намудани тадбирҳои муваффақ оид ба беҳбудӣ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва роҳандозии чанде чораҳо доир ба амалисозии ислоҳот дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дастрас карда метавонад.

Қаблан дар чаҳорчӯби ин барнома Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 6,2 млн. евро ҷудо кард. Шурӯъ аз соли 1992 ҳаҷми умумии кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 750 млн. евро арзёбӣ мешавад.

Давоми 8 соли охир кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар шакли дастгирии буҷетӣ ва кумаки техникӣ пешниҳод мегардад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...