Кумаки навбатии башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон

Миқдори навбатии кумаки башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода мешавад, ки аз 8 вагон бо маҳсулоти ғизойӣ ба маблағи умумии 873 ҳазор доллари ИМА иборат аст. Тавре аз сафоратхонаи Қазоқистон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин кумак аз ҷониби намояндагони Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистн оварда шуда, ба ихтиёри Агентии захираҳои давлатӣ ва моддии назди ҳукумати Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Миқдори навбатии кумаки башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода мешавад, ки аз 8 вагон бо маҳсулоти ғизойӣ ба маблағи умумии 873 ҳазор доллари ИМА иборат аст.

Тавре аз сафоратхонаи Қазоқистон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин кумак аз ҷониби намояндагони Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистн оварда шуда, ба ихтиёри Агентии захираҳои давлатӣ ва моддии назди ҳукумати Тоҷикистон супурда мешавад.

Моҳи марти соли 2015 ҷониби Тоҷикистон бо дархости расонидани кумак дар мавсими обхезӣ ба ҳукумати Қазоқистон муроҷиат намуд. Мактуб бо имзои нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба унвони нахуствазири ин кишвар Карим Масимов равона шуда буд.

Моҳи апрели соли 2015 ҳукумати Қазоқистон қарор «Дар бораи расонидаи кумаки башурдӯстона ба Тоҷикистон»-ро қабул карда, моҳи марти соли ҷорӣ муҳлати амали ин қарорро тамдид намуд. Моҳи апрел ҳукумати Қазоқистон дар бораи ҷудо кардани кумак ба Тоҷикистон «дар робита ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» қарори нав ба тасвиб расонид.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон аз 42 кишвари саросари ҷаҳон ба маблағи умумии 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид, ки аз ин миқдор 4,7 млн. доллари ИМА ё худ 9,5% ба ҳиссаи Қазоқистон рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.