Зимни як амалиёти фаврӣ ҷустуҷӯии кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ боздошт шуд.
Тибқи маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз заминҳои кишти гандуми наздиҳавлигии ин шахс 50 килою 650 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Зафарободро ҳамчун гумонбар дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуда, дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 20 килою 137 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвнадаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.





