МД «Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ» боз шуд

ASIA-Plus



Дар доираи амалишавии нақшаи корӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА оид ба муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ, маросими ба истифода дода шудани биноҳои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ”, ки дар ноҳияи Файзобод


воқеъ 

аст, баргузор гардид.

Тавре ки аз маркази матбуоти Академияи илмҳо Шервони Умриддин хабар дод, президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ дар маросими ифтитоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо вазъи кунунӣ ва нақшаҳои минбаъдаи Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ” шинос намуд. 

Дар маросими ифтитоҳ намояндаҳои Академияи илмҳо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка, намояндагони Вазорати энергетикаи Америка ва Вазорати энергетика ва тағирёбии иқлими Бритониёи Кабир ширкат варзиданд.

Сипас, Илҳом Мирсаидов, мудири шуъбаи иттилиотӣ ва робитаҳои байналмилаллии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро оид ба таърихи амалишавӣ ва дастовардҳои лоиҳа, ки аз ҷониби Ҳукумати  Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Бритониёи Кабир дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст, шинос кард. Лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта моҳи феврали соли 2016 ба анҷом расид.

Намояндаи Ҳукумати ИМА Младинео Стефен Виктор ва намояндаи Бритониёи Кабир Кэролл Питер Вилльям аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандии зиёд изҳор намуда, қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар ин самт бояд пурзур карда шавад, зеро солҳои охир таҳдидҳои гуногун аз гуруҳҳои экстремистӣ ва террористҳо зиёд шуда истодааст.

Баъд аз маросими расмӣ, ҳозирин бо ду бинои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ”, ки пурра таъмир гардиданд шинос гардиданд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...