Муддати 3 рӯз роҳи Душанбе – Хоруғ баста аст

Бар асари боришоти шадиду селфароӣ чанде аз қитъаҳои роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб хароб гардида, ҳаракати нақлиёт миёни Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғайриимкон гардид. Ронандаҳои мусофиркаш аз самти Душанбе ба шаҳри Хоруғ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки роҳи мошингард муддати се рӯз баста аст. Бино ба гуфтаи онҳо, рӯзи чоршанбе сел баъзе […]

ASIA-Plus



Бар асари боришоти шадиду селфароӣ чанде аз қитъаҳои роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб хароб гардида, ҳаракати нақлиёт миёни Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғайриимкон гардид.

Ронандаҳои мусофиркаш аз самти Душанбе ба шаҳри Хоруғ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки роҳи мошингард муддати се рӯз баста аст.

Бино ба гуфтаи онҳо, рӯзи чоршанбе сел баъзе қитъаҳои роҳ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ва ҳамчунин як пули мошингузарро вайрон кардааст.

«Воситаҳои нақлиёт ҳамчунин тавассути роҳи алтернативӣ, ки ВМКБ-ро бо маркази ҷумҳурӣ тариқи ағбаи Хобуробот пайваст мекунад, низ ҳаракат карда наметавонанд. Ин роҳ дар қалаирави ноҳияҳои Тавилдара ва Дарвоз солҳост, ки рӯи таъмирро надидааст ва ҳаракат бо ин роҳ айни замон ғайриимкон мебошад», – гуфтанд ронандагон.

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ айни замон оид ба зарари расида аз офати табиӣ ба роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Хоруғ маълумоти мушаххас дода наметавонанд.

Таҳти раҳбарии муовини вазир комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки ҳаҷми зарарро муайян мекунад. Аъзои комиссия ҳозир дар қитъаҳои аз офат осебдида мебошанд. Танҳо пас аз муайян кардани миқёси осеби расида аз офати табиӣ, мо ба шумо маълумоти саҳеҳ пешниҳод карда метавонем», – гуфтанд дар Вазорати нақлиёт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.