Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург ният дорад, ки бо раҳбарияти олии Русия ҷараёни тафтиши занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскавро баррасӣ кунад.
Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз Шукурҷон Зуҳуров ба роҳбарони вазорату идорахои дахлдор ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақомоти интизомии Русия дар тафтиши қазияи мазкур дастуру супоришҳо додааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май
дар занозании оромгоҳи Хованское
дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шуда, беш аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд.
Ҳамчунин доир ба ин ҳодиса вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. ду маротиба
тариқи телефон суҳбат кард.



