Зимни мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер масъалаи нақши калидии Тоҷикистон дар рушди роҳҳои алоқаи нақлиётии минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки минбаъд амалисозии лоиҳа ва барномаҳои мазкур дар ин самт ба таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар бахши нақлиёти вилоятҳои Суғду Хатлон, ҳамчунин масъалаи дастгирии беҳбуди вазъи мусофиркашонӣ ва ҳамлу нақли бор дар фурудгоҳи Душанбе таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Зимнан зикр гардидааст, ки тамоми тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.





