Мусоидати сафорат ба ҳимояи ҷабрдидагон аз занозанӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия баҳри ҳимояи 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нисбаташон дар робита ба ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст , мусоидат мекунад. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, бо мусоидати сафорат барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои шҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон адвокатҳо ҷалб карда шудаанд. «Кормандони сафорат ва намояндагии […]



Сафорати Тоҷикистон дар Русия баҳри ҳимояи 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нисбаташон дар робита ба ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав

парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

, мусоидат мекунад.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, бо мусоидати сафорат барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои шҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон адвокатҳо ҷалб карда шудаанд.

«Кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо хешону наздикони шаҳрвандони боздоштшудаи ҷумҳурӣ мудом дар тамос буда, баҳри кумак ба онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд», – таъкид мешавад дар маълумоти сафорат.

Гуфта мешавад, 30 май суди ноҳияи Твери шаҳри Маскав дар робита ба қазияи оромгоҳи Хованское нисбати 5 шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

«Барои рӯшанӣ андохтан ба тамоми ҳолатҳои ин қазия худи ҳамон рӯз кормандони Хадамоти консулгарии сафорат ва намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз суди ноҳияи Твери шаҳри Маскав боздид намуда, бо сардори гурӯҳи тафтишоти Сарраёсати тафтишоти ВКД ФР дар шаҳри Маскав Веретенников А.Н. ва корманди ин раёсат Сергеев С.И. дар ин хусус суҳбат карданд», – омадааст дар маълумот.

Тибқи маълумоти расмии гурӯҳи тафтишот, айни замон 14 нафар гумонбаршудагон аз гурӯҳи ҷиноӣ таҳти тафтишот қарор доранд. «Аз 22 нафар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон, ки ҷазоҳои маъмурӣ гирифта буданд, баъди анҷоми муҳлати ҷазо 17 нафарашон озод шуда, нисбати панҷ нафар дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ – Бӯриев Ҳоҷиқурбон Фозилович, Чақалов Ҷомӣ Хоҷаевич, Юнусов Диловар Муҳаббатович, Аҳмадов Шоймардон Аъзамович ва Садриддинов Раҳмиддин Бадриддинович мутобиқи моддаи 231 КҶ ФР (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муҳлати ҳабси онҳо боз 2 моҳ дароз шуд», – зикр мегардад дар хабар.

Қайд мешавад, ки муфаттишони парванда гуфтаанд, доир ба ин ҳолатҳо аризаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст ва сабтҳои камераҳои мушоҳидаи видеойӣ ба сифати далели раднопазир пешниҳод шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки «аз рӯзҳои аввали ин қазия сафорат ин масъаларо таҳти назорати махсус қарор дода, баҳри ҳимоя аз ҳуқуқхои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар доираи қонунгузории Русия ҳамаҷониба талош меварзад».

«Дар ин робита сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост мекунад, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани ягон мушкилоти марбут ба ин қазия ё пешниҳоди маълумоти нав дар ин бора ба сафорат муроҷит намоянд, то ки ба онҳо саривақт мусоидату расидагӣ шавад», – таъкид мегардад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан 

иттилоъ дода будем

, ки мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст.

Собиқ директори оромгоҳи Хованское 

ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд.

 Юрий Чабуев изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.