Дар Тоҷикистон орд арзон мешавад?

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова изҳор намуд, ки тағйироту иловаи аз ҷониби […]




Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуд.



Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова изҳор намуд, ки тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда баҳри дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ равона гардидааст.


Ҳамин тариқ, истеҳсолкунандагони орд дар ҷумҳурӣ минбаъд ба ҷойи 18 фоиз, ки барои тамоми андозсупорандагон муқаррар шудааст, дар ҳаҷми 10 фоиз маблағи андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро пардохт мекунанд.


Вазорати молия мутмаин аст, ки тадбири мазкур ба поинравии нархи орд ва маснӯоти ордӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.


Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, ниҳолу бутта ва кӯчатҳои гулу дарахтони ороишӣ, ки вазорату идораҳои ҳукумат ба кишвар ворид мекунанд, аз пардохти андоз аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.


Мутобиқи ин тағйирот андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, вале ба ҷойи он андози нав – боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротмешуда ҷорӣ мегардад.


Ғайр аз ин, бо пешниҳоди ҳукумат, барои корхонаҳои бахши сохтмон, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои хӯроки умумӣ ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) кам карда шуда, 5%-ро ташкил хоҳад дод.


ҶСК «НБО Роғун» аз пардохти ҳамаи навъҳои роялти озод карда мешавад.


Ба андешаи М.Ҷонмаҳмадова, ҳамаи ин имтиёзот ба иҷро шудани қисмати даромади буҷети давлатии соли 2016 таъсири назаррасе намерасонанд.


«Ҳамаи тағйироту иловаҳои имрӯз ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» қабулшуда бар асоси дастуру супоришҳои нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон таҳия гардидаанд», – таъкид дошт номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?