Вазорати адлия нархҳои гузоштани апостил дар аснодро номбар кард

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро якдилона тасдиқ намуд, ки мутобиқи он Вазорати адлия ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба гузоштани апостил барои қонунигардонии ҳуҷчатҳои расмии дар Тоҷикистон додашуда дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд. Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири адлияи кишвар Рустам […]



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро якдилона тасдиқ намуд, ки мутобиқи он Вазорати адлия ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба гузоштани апостил барои қонунигардонии ҳуҷчатҳои расмии дар Тоҷикистон додашуда дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири адлияи кишвар Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки нархи гузоштани апостил барои шахсони воқеъӣ 5 доллари ИМА ва 25 сомонӣ барои гузоштан дар муҳлати аз 5 то 8 рӯзи корӣ ва таъҷилӣ гузоштани он дар муҳлати 3 рӯзи корӣ 10 доллари ИМА ва 25 сомонӣ муқаррар шудааст.

Барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳо шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон 10 доллари ИМА ва 50 сомонӣ ва барои таъҷилӣ гузоштани он 20 доллари ИМА ва 50 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли 2015 ҳамаи расмиёти ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия оид ба бекор намудани талаботи тасдиқи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ (Конвенсия дар бораи Апостил)-ро анҷом дода, 20 феврали соли гузашта дар шаҳри Гааага намояндаи Тоҷикистон ба Котиби генералии Конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ Кристоф Бернаскони асноди заруриро супурд.

Конвенсия оид ба бекор намудани талаботи тасдиқи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2015 мавриди амал қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади содатар кардани раванди эътирофи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ соли 1961 дар Гаага  Конвенсияе, ки талаботи легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро бекор менамояд, ба имзо расид. Конвенсияи Гаага тартиби наверо ҷорӣ кард, ки мувофиқи он барои тафтиши аслии ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлате, ки ҳуҷҷатро ирсол намудааст, «Апостил» гузошта мешавад. «Апостил» муҳри махсусе мебошад, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гузошта мешавад ва аз тасдиқ кардан дар мамлакатҳои узви Конвенсияи Гаага оид ба Апостил озод аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.