Иҷозати муваққатан хусусигардонии иншооти давлатӣ ва зербиноӣ

Тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумон комилан ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим изҳор дошт, ки мутобиқи тағйироти мазкур, баъзе аз иншоооти давлатии зербиноӣ метавонанд муваққатан хусусӣ гардонида […]

ASIA-Plus



Тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумон комилан ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим изҳор дошт, ки мутобиқи тағйироти мазкур, баъзе аз иншоооти давлатии зербиноӣ метавонанд муваққатан хусусӣ гардонида шаванд, вале аз шарҳи ҷузъиёти мафҳуми хусусигардонии муваққатӣ худдорӣ варзид.

Ба гуфтаи ӯ, тартибу номгӯй ва шартҳои хусусигардонии муваққатии иншооти давлатӣ ва зербиноиро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Ёдрас мекунем, ки 25 феврали соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйирот ба қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро маъқул шуморид, ки мутобиқи он иншооти пурра ба давлат мутааллиқ, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва ду нерӯгоҳи барқи обии кишвар – нерӯгоҳи амалкунандаи Норак ва нерӯгоҳи то ҳол сохтмонаш нотамоми Роғун хусусӣ гардонида намешаванд.

Дар рӯйхати иншооте, ки набояд хусусӣ гардонида шаванд, ҳамчунин иншооти таъиноти мудофиавӣ ва захираҳои обии ҷумҳурӣ низ ҷой доранд. Он замон раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ қайд карда буд, ки дигар иншооти боқимонда, аз ҷумла сохтори ширкатҳои монополист аз нав ташкил карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Кумитаи мазкур

иттилоъ дода буд

, ки то охири соли равон тариқи музоядаҳо фурӯхтани бастаи саҳмияҳои беш аз 20 ҷамъиятиҳои саҳҳомӣ, ки ба давлат тааллуқ дорад, дар назар аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.