14 соли зиндон ба сокини пойтахт барои нияти ҷанг дар Сурия

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ҷумҳуриро ба иттиҳоми нияти иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи Сурия ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин робита иттилоъ дод, сокини шаҳри Душанбе Абдулло Юсуфов барои нияти иштирок дар ҷангҳои Сурия дар сафҳои созмони фаъолияташ мамнӯъи «Давлати […]



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ҷумҳуриро ба иттиҳоми нияти иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи Сурия ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин робита иттилоъ дод, сокини шаҳри Душанбе Абдулло Юсуфов барои нияти иштирок дар ҷангҳои Сурия дар сафҳои созмони фаъолияташ мамнӯъи «Давлати исломӣ» ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

«16 июни соли гузашта ӯ ба шаҳри Алмаато (Қазоқистон) рафта, баъди як рӯз тибқи хатсайр ба Туркия мерасад. Ин ҷо ӯ рӯзи 24 июн ҳамроҳ бо шаҳрванди Русия (Чеченистон) ва шаҳрванди Қазоқистон бо автомашина ба марзи Туркия ва Сурия раҳсипор шуда, аз он мегузаранд ва ба шаҳри Ҳалаб (Алеппо) меоянд. Дар ин шаҳр А.Юсуфов бо гурӯҳи ифротгарои «Ҷабҳат ан-Нусра» робита пайдо карда, дар тамрину омӯзишҳои ҳарбӣ, аз ҷумла истифода ва корбарии навъҳои гуногуни силоҳи оташфишони ҷангӣ иштирок мекунад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, сипас баъди оғози зарбаҳои ҳавоии Русия ба ҷангиён, тасмим мегирад, ки Сурияро тарк кунад ва аз он ҷо ба Туркия фирор намуда, баъдан ба Тоҷикистон меояд. «9 феврали соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро дар фурудгоҳи Душанбе дастгир карданд», – қайд кард сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки суд Юсуфовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 401-и КҶ ҶТ (Зархаридӣ) гунаҳкор эътироф намуда, дар мурофиа айбдоршаванда қисман ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".