Дар Тоҷикистон орд арзон мешавад?




Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуд.



Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова изҳор намуд, ки тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда баҳри дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ равона гардидааст.


Ҳамин тариқ, истеҳсолкунандагони орд дар ҷумҳурӣ минбаъд ба ҷойи 18 фоиз, ки барои тамоми андозсупорандагон муқаррар шудааст, дар ҳаҷми 10 фоиз маблағи андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро пардохт мекунанд.


Вазорати молия мутмаин аст, ки тадбири мазкур ба поинравии нархи орд ва маснӯоти ордӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.


Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, ниҳолу бутта ва кӯчатҳои гулу дарахтони ороишӣ, ки вазорату идораҳои ҳукумат ба кишвар ворид мекунанд, аз пардохти андоз аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.


Мутобиқи ин тағйирот андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, вале ба ҷойи он андози нав – боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротмешуда ҷорӣ мегардад.


Ғайр аз ин, бо пешниҳоди ҳукумат, барои корхонаҳои бахши сохтмон, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои хӯроки умумӣ ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) кам карда шуда, 5%-ро ташкил хоҳад дод.


ҶСК «НБО Роғун» аз пардохти ҳамаи навъҳои роялти озод карда мешавад.


Ба андешаи М.Ҷонмаҳмадова, ҳамаи ин имтиёзот ба иҷро шудани қисмати даромади буҷети давлатии соли 2016 таъсири назаррасе намерасонанд.


«Ҳамаи тағйироту иловаҳои имрӯз ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» қабулшуда бар асоси дастуру супоришҳои нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон таҳия гардидаанд», – таъкид дошт номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное