Консерти Ҷонибеку Шабнам барои кӯдакони гирифтори бемории саратон

Дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) дар шуъбаи бемориҳои саратони Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) барои кӯдакони гирифтори бемории саратон консерт доир гардид. Консерт бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов бо ибтикори Фонди хайрияи «Лона» баргузор гардид, ки муассиси он Озода Раҳмон мебошад. Дар барномаи консертӣ ҳамчунин ҳунармандони театри […]


Дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) дар шуъбаи бемориҳои саратони Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) барои кӯдакони гирифтори бемории саратон консерт доир гардид.

Консерт бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов бо ибтикори Фонди хайрияи «Лона» баргузор гардид, ки муассиси он Озода Раҳмон мебошад.

Дар барномаи консертӣ ҳамчунин ҳунармандони театри «Лӯхтак» ва ихтиёриён низ ширкат варзида, бо суруду намоишномаҳои худ кӯдаконро табрик карданд.

«Фонди «Лона» соли 2009 таъсис дода шуда 90%-и хароҷот ба доруворӣ ва дигар эҳтиёҷотро ин фонд таъмин мекунад. Имрӯз 99 нафар кӯдакони гирифтори бемории саратон дар қайди мо мебошанд, ки ҳамаи онҳоро имрӯз ба консерт даъват кардем», – иброз дошт ба «Азия-Плюс» мудири шуъба Моҳира Умарова.


Директори фонди «Лона» Ҷӯрахон Бобохонов, ки дар консерт ҳузур дошт, иттилоъ дод, ки муддати чандин сол аст, ки онҳо бо ин шуъба ҳамкорӣ дошта, мувофиқи имкон барои муолиҷаи кӯдакони бемор кумак мекунанд. «Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки бо консерт кӯдаконро хурснад карда, табъи онҳоро хушу болида созем», – гуфт ӯ.

Дар фарҷоми консерт ба кӯдакон туҳфаҳо тақдим гардида, онҳо ҳамроҳ бо Ҷонибеку Шабнам аксҳо гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".