Изҳори самимияти мухлисони футболи тоҷик ба сармураббии «Локомотив»

Дар бозии аввали плей-оффи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистону тими Бангладеш (5:0) мухлисони минбари шарқии Варзишгоҳи марказии Душанбе ба сармураббии дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав Игор Червеченко, ки дар варзишгоҳ ҳузур дошт, хеле самимона изҳори дӯстдориву сипос намуданд. «Черевченко хуш омадӣ! Мо туро дӯст медорем», – овоз дармедоданд мухлисони футбол, ки муддати тамоми […]

ASIA-Plus



Дар бозии аввали плей-оффи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистону тими Бангладеш (5:0) мухлисони минбари шарқии Варзишгоҳи марказии Душанбе ба сармураббии дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав Игор Червеченко, ки дар варзишгоҳ ҳузур дошт, хеле самимона изҳори дӯстдориву сипос намуданд.

«Черевченко хуш омадӣ! Мо туро дӯст медорем», – овоз дармедоданд мухлисони футбол, ки муддати тамоми бозӣ пешвои ҳаракати мухлисони мунтахаби Тоҷикистон Шуҳрат Шонов ба онҳо роҳбарӣ мекард.

Ғайр аз ин, давоми бозӣ мухлисон лавҳаеро бо акси Геннадий Черевченко, муҳофизатгари машҳури дастаи «Помир» ва падари Игор Червеченко низ дар байни минбар паҳн карданд. Қобили зикр аст, ки як рӯз қабл дар Душанбе мусобиқот миёни кӯдакон бахшида ба хотираи Геннадий Червеченко ба анҷом расид.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими Бангладеш, ки шоми 2 июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахт

доир гардид

, футболбозони тоҷик ҳарифи худро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 мағлуб карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.