Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Барномаи рушди роҳҳои пойтахт барои солҳои 2016-2020-ро тасдиқ намуд, ки мутобиқи он барои беҳбуди вазъ, таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони роҳу пулҳо дар пойтахт ҷудо гардидани ҳудуди 3 млрд. сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, дар барномаи мазкур танҳо барои сохтмони роҳу пулҳои нав дар шаҳр ҷудо шудани 691,5 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ мешавад.
Дар ин барнома дар муҳлати панҷ соли наздик барои азнавсозии роҳҳои шаҳр ҷудо гардидани 1 млрд. 749 ҳазору 654,7 сомонӣ ва барои таъмири асосии роҳу пулҳои пойтахт ҷудо шудани 110 млн. 324,8 ҳазор сомонӣ маблағ дар назар аст. Маблағҳои мазкур асосан аз ҳисоби буҷети пойтахт ҷудо карда мешаванд.
Мақомоти шаҳрдории пойтахт умедвор аст, ки дар кори сохтмони роҳу пулҳои нав ва таъмиру азнавсозии кӯчаҳои пойтахт шаҳрвандони ҷудогона, соҳибкорони ватанӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва ширкатҳо саҳми худро мегузоранд.





