Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи рушди туризми дохилӣ»



Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 7 июн ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва омодакунии лоиҳаи қонун «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» доир гардид.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ба ҷуз вакилони мардумӣ, ҳамчунин намояндагони Вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов, зимни ҷаласа таъкид шудааст, ки имконоти туристии Тоҷикистон то ба имрӯз қариб истифоданашуда боқӣ монда, қабули қонуни зикршуда ба рушди зербинои сайёҳии кишвар, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ворид шудани даромади илдовагӣ ба буҷети давлатӣ мусоидат мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз 11 боб ва 65 модда иборат буда, аъзои гурӯҳи корӣ зикр кардаанд, ки барои мукаамалу пурра таҳия намудани он, бори дигар вохӯрдан зарур аст.

spot_imgspot_img

Популярное