Бунгоҳи хабарии телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ИМА

Шабакаи давлатии иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ният дорад, ки ояндаи наздик дар ИМА бунгоҳи хабарии худро боз намояд. Яке аз роҳбарони шабакаи «Ҷаҳоннамо» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон оид ба гирифтани розигии ҷониби ИМА ба ин иқдом гуфтушунидҳо ҷараён доранд. «Бунгоҳи хабарии шабака ба гумони ғолиб дар пойтахти ИМА- шаҳри Вашингтон […]

ASIA-Plus



Шабакаи давлатии иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ният дорад, ки ояндаи наздик дар ИМА бунгоҳи хабарии худро боз намояд.

Яке аз роҳбарони шабакаи «Ҷаҳоннамо» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон оид ба гирифтани розигии ҷониби ИМА ба ин иқдом гуфтушунидҳо ҷараён доранд. «Бунгоҳи хабарии шабака ба гумони ғолиб дар пойтахти ИМА- шаҳри Вашингтон боз мегардад», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар баробари пахшу инъикоси барномаҳо оид ба рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва илмиву варзишӣ, шабака ба ҳаёту фаъолияти диаспораи тоҷикон дар ИМА низ таваҷҷуҳ зоҳир карданист.

Қобили зикр аст, ки шабакаи телевизонии «Ҷаҳоннамо» моҳи ноябри соли 2008 ифтитоҳ гардида, айни замон раҳбарии шабакаро Абдумаҷид Усмонов, собиқ муовини директори телевизиони «Сафина» ба уҳда дорад, ки қаблан ба ҳайси мушвири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон низ ифои вазифа намудааст.

Нахуст минтақаи фарогири мавҷҳои шабакаи «Ҷаҳоннамо» 60%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил медоданд. Минбаъд пахши барномаҳои шабака тариқи моҳвораи ABS-2 роҳандозӣ гардид. Барномаҳо асосан бо забони тоҷикӣ, ҳамчунин бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ намоиш дода мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.