Барои қатли зани ҳомиладор дилдодагон дар маҷмӯъ ба 51 соли зиндон маҳкум шуданд

Чанде  пеш бо ҳукми Суд Азимова Рухшона Миралиевнаи 25-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Роҳи Нав,  хонаи 232, ки қаблан се маротиба  суд шудааст,  барои содир намудани ҷинояти навбатӣ ба  муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , суди шаҳри Душанбе  муайян намудааст,  ки Азимова Рухшона Миралиевна бо ҳамроҳии маъшуқаш — […]

АМИТ «Ховар»



Чанде  пеш бо ҳукми Суд Азимова Рухшона Миралиевнаи 25-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Роҳи Нав,  хонаи 232, ки қаблан се маротиба  суд шудааст,  барои содир намудани ҷинояти навбатӣ ба  муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, суди шаҳри Душанбе  муайян намудааст,  ки Азимова Рухшона Миралиевна бо ҳамроҳии маъшуқаш — Юсупов Авзалшоҳ Акбаршоевич, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи  шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ,  бинои 58, ҳуҷраи 37, ки қаблан суд шудааст, ба сангинтарин ҷиноят –  куштор  даст задаанд.

Рухшона моҳи июли соли 2015 бо Содиқова Тахмина Муқимовна шинос шуда, равобити дӯстӣ пайдо  намуда,    ба хонаи якдигар рафту омад менамоянд.

Дар яке аз ин меҳмониҳо, аввалҳои моҳи августи соли 2015  Рухшона  дар хонаи   Тахмина Содиқова, воқеъ дар  суроғаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Чортеппа, деҳаи Очамайлӣ як адад ангуштарини  тиллоии  занонаро, ки ба модари дугонааш тааллуқ доштааст, медуздад ва онро  ба бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе бурда, ба шахсони ба тафтишот номаълум ба маблағи 300 сомонӣ  мефурӯшад.

Сипас  Т.Содиқова  аз дуздидани   ангуштарини модараш аз Р.Азимова гумонбар шуда,  ба назди ӯ омада,  талаб намудааст, ки ангуштаринро баргардонад. Р.Азимова  ба дуздиаш  иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ намуда, ба Тахмина  арз намудааст, ки ангуштаринро аллакай фурӯхта, маблағашро сарф намудааст ва  ваъда додааст, ки маблағи онро рӯзҳои наздиктарин бармегардонад.

Дар ин муддат Т.Содиқова якчанд маротиба ба манзили истиқоматии Р.Азимова  омада, маблағи ангуштаринро талаб намуда, таҳдид намудааст, ки ба мақомоти дахлдор оид ба  ҷинояти  содирнамудааш  муроҷиат менамояд.

Р.Азимова аз ин талабҳои қотеъонаи дугонааш ва таҳдидҳои ӯ ба мақомоти дахлдор оид ба  ҷинояти содирнамудааш тарсида, ваъда додааст, ки  то санаи 03.10.2015 сол маблағи ангуштаринро хоҳад дод. Аммо дар асл дар дил   тарҳи  куштани  Тахминаро мекашад.

Дар рӯзи ваъдашуда  Р.Азимова  тахминан соатҳои  3- 4-и  субҳ бо мақсади осон намудани ин ҷинояти қасдонаи худ, маъшуқаш Авзалшоҳ Юсуповро даъват намуда, бо ў маслиҳати пешакӣ намуда, охиронро ба содир намудани ҷинояти вазнин моил намуда, изҳор кардааст, ки агар ўро дӯст дорад, пас ҳамроҳаш  Т.Содиқоваро   кушта, аз ӯ  халос мешаванд.

Т.Содиқова  03.10.2015 сол, тахминан соатҳои 08:00   мувофиқи ваъда  барои гирифтани маблағи ангуштарин ба ҳавлии истиқоматии Р.Азимова  омадааст.

Р.Азимова ба  ваъдааш вафо накарда, ба Тахмина  гуфтааст, ки маблағи пулӣ надорад, ки дар натиҷа   дар байни онҳо ҷанҷол бархостааст ва  дар ҳамин вақт модари Азимова Рухшона — Назарова Нигина Сайвалиевна, ки дар наздашон ҳузур доштааст,  таклиф намудааст, ки  агар розӣ бошад, ангуштарини тиллоии худро бар ивази ангуштарини дуздидаи духтараш медиҳад.  Т.Содиқова  розӣ шуда, ангуштаринро гирифтааст, ки ин рафтори ӯ  қаҳру ғазаби Р.Азимоваро дучанд гардонидааст.

Модари Рухшона  дидааст, ки даъво ҳалли худро ёфтааст, бо онҳо хайру хуш намуда, баромада рафтааст. Т.Содиқова низ баромаданӣ шудааст, ки Р.Азимова  ӯро аз роҳ баргардонида,  хоҳиш кардааст, ки ба дохили ҳуҷраи манзили истиқоматӣ дарояд,  чунки  ба ў кор дорад.

Тахмина аз мақсади ғаразноки  дугонааш ва маъшуқи ӯ  бехабар ба ин таклиф розӣ шуда, вориди ҳуҷра мегардад.

Баъдан Р.Азимова ва А.Юсупов  ба назди Т.Содиқова омада, яку якбора ба ў ҳуҷум намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ангуштаринро аз дасташ кашида  мегиранд. Р.Азимова    Тахминаро  ба дохили ҳаммомхонаи ҳуҷраи мазкур тела дода,  аз таги тағора корди пешакӣ омоданамудаашро гирифта,  ба гарданаш мезанад. Дар ин маврид А.Юсупов  низ вориди ҳаммомхона гардида, дидааст, ки  Т.Содиқова аллакай оғуштаи хун шуда, дар замин афтидааст. Т.Содиқова  аз ин кирдорҳои  ғайричашмдошти Р.Азимова ва А.Юсупов  сахт тарсида, изҳор намудааст, ки ангуштаринро гиранд, фақат ўро раҳо кунанд, ки ў ҳомиладор аст ва пешниҳод намудааст, ки оид ба  надоштани даъвояш забонхат менависад. Р.Азимова баъди ин суханони Тахмина  қоғазу қалам оварда, забонхати ӯро мегирад, ки  нисбат ба Р.Азимова даъво надорад. Р.Азимова забонхатро гирифта, ба маъшуқаш А.Юсупов  фармудааст,  ки бо корд Т.Содиқовро зада, нақшаи кашидаашонро ба охир расонанд. А.Юсупов кордро аз дасти Р.Азимова гирифта,  ба узвҳои ҳаётан муҳими  бадани Т.Содиқова задааст, ки охирин аз ин зарба аз ҳаракат мондааст.

Баъд аз он Р.Азимова бемамониат ба кофтукови сумкаи дастии ҷабрдида шурўъ намуда,  аз  дохили он  як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», як адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа» ва  дигар ашёи онро  тасарруф намуда, барои халос ёфтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ шиносномаи ҷабрдидаро барои муайян нашудани шахсияташ нобуд сохтанӣ шудаанд, вале бо сабабҳои ба ў вобаста набуда натавонистанд, ки ин қасди ҷинояткоронаи худро то ба охир расонанд.

Сипас Р.Азимова ва А.Юсупов  байни худ маслиҳат намуда, ҷасадро бо матоъ печонида, онро  бардошта  ба кӯча баромада,  таксӣ кироя намуда, ба беморхонаи Маркази тибби шаҳрӣ,  воқеъ дар маҳаллаи якум Советский меоянд.

Р.Азимова ва А.Юсупов ҷасади Т.Содиқоваро ба шўъбаи қабули беморон оварда, ному насабашонро дурӯғ гуфта,  изҳор намудаанд, ки онро аз кўча дарёфт намудаанд ва  баъдан аз беморхона фирор кардаанд. Дар натиҷаи ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ аз тарафи духтурони беморхонаи мазкур маълум гардид, ки Т.Содиқова ба хунравии дарунӣ  гирифтор шуда,  аз ҷароҳатҳои бардоштааш  аз ҳуш рафтааст, ӯро таъҷилан ҷарроҳӣ кардаанд, вале ӯ  дар натиҷаи  захмҳои  гирифтааш ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе  бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 1,3  Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ба Азимова Рухшона Миралиевна ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25  сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи  ислоҳии дорои низоми умумӣ ва ба Юсупов Авзалшоҳ Акбаршоевич ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 26 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи  ислоҳии дорои низоми сахт таъйин  гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.