Нигаронии ИА аз ҳабси мухолифини сиёсӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе миёни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даври 8-уми Муколамаи ҳарсола оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро ҷаноби Тойво Клаар, Мудири Шӯъбаи Осиёи Марказӣ дар Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо, сарварӣ кард, ҳайати Тоҷикистонро бошад, ҷаноби Шараф Каримзода, Муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисӣ намуд. […]



Дар Душанбе миёни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даври 8-уми Муколамаи ҳарсола оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро ҷаноби Тойво Клаар, Мудири Шӯъбаи Осиёи Марказӣ дар Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо, сарварӣ кард, ҳайати Тоҷикистонро бошад, ҷаноби Шараф Каримзода, Муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисӣ намуд.

Тавре дар варақаи иттилоотии намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, мулоқот ба мубодилаи кушоду равшани афкор атрофи вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон имкониятро фароҳам сохт.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо бори дигар нисбати якчанд қазияҳои соли гузашта, аз ҷумла таъқиб ва баҳабсгирии мухолифини сиёсӣ, аъзоёни хонаводаҳои онҳо ва вакилони дифоъи онҳоро изҳори нигаронии ҷиддӣ намуда, ҷониби Тоҷикистонро ба гузарондани тафтиши пурраи хабарҳои истифодабарии шиканҷа ва вайронкунии ҳуқуқ ба тафтишоти мунсифона дар қазияҳои мазкур даъват ба амал овард.

«Иттиҳоди Аврупо иқдомҳои ҷадидеро ҷиҳати таҳкими кафолатҳои қонунӣ бар зидди истифодабарии шиканҷа бо хушнудӣ истиқбол карда, хостори талошҳои бештар ҷиҳати иҷроиши ин кафолатҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхос барои истифодабарии шиканҷа мебошад», – омадааст дар варақаи иттилоотӣ.

Қайд мешавад, ки намояндагони Иттиҳоди Аврупо қайд намуданд, ки ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нақшаи муҳиме мебозанд ва мақомоти ҳокимияти Тоҷикистонро лозим меояд, ки ба кори ин ташкилотҳо мусоидат карда, ҳангоми тарҳрезии тартиботи нав барои пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ машваратҳо гузаронанд. Инчунин, Иттиҳоди Аврупо мақомоти ҳокимияти Тоҷикистонро ба қоҳиши фишор нисбати хабарнигорон ва хотима додан ба бастани сомонаҳои ахборӣ даъват ба амал овард.

Зимнан зикр мегардад, ки даври навбатии муколама марбут ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Брюссел соли 2017 баргузор хоҳад гашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.