Эрон аз ИМА баргардонидани 2 млрд. $-ро тақозо дорад

Эрон ба девони додгустарии байналмилалӣ аз болои Амрико барои мусодираи ду миллиард доллари Бонки марказии ин кишвар расман шикоят кард. Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон ин хабарро тайид кард ва гуфтааст: “Дирӯз ба таври расмӣ шикояти худро дар девони додгустарии байналмилалӣ ба сабт расонидем ва ин шикоятро то расидан ба […]

TojNews



Эрон ба девони додгустарии байналмилалӣ аз болои Амрико барои мусодираи ду миллиард доллари Бонки марказии ин кишвар расман шикоят кард.

Бино ба иттилои хабаргузории

TojNews

, Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон ин хабарро тайид кард ва гуфтааст: “Дирӯз ба таври расмӣ шикояти худро дар девони додгустарии байналмилалӣ ба сабт расонидем ва ин шикоятро то расидан ба натиҷа пайгирӣ хоҳем кард”.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки Теҳрон мехоҳад иқдоми зиддиэронии Вашингтон маҳкум карда шавад ва хисорати расида аз он ҷуброн гардад. Ду моҳ пеш додгоҳи олии ИМА қарор кард, ки додгоҳҳои ин кишвар метавонанд аз ҳисоби маблағҳои масдудшудаи Бонки марказии Эрон ба шикояти хонаводаҳои қурбониёни терроризм расидагӣ кунанд. Яъне, ғаромати онро аз ҳисоби пули Эрон ҷуброн намоянд.

Гуфта мешавад, ки як гурӯҳ аз пайвандони 261 силоҳбадасти амрикоӣ, ки соли 1983 дар инфиҷори мақарашон дар шаҳри Бейрути Лубнон кушта шуда буданд, шикоят карданд ва хостори ҷуброни зарар шуданд.

Ҳасани Руҳонӣ шоми гузашта бо ҳузур дар ифтори хонаводаҳои шуҳадо дар Теҳрон гуфт, ки мо намедонем ва хабар надорем, ки соли 1983 силоҳдорои амрикоӣ дар Лубнон чӣ мекарданд ва чаро маҳз бояд Эрон зарари расида ба он ҳалокшудагонро пардозад.

Ҳасани Руҳонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки ин ду миллиард доллари Эрон бар асари як беэҳтиётӣ ба дасти Амрико уфтодааст. Имрӯз мақомоти ҳукумати вақти Маҳмуди Аҳмадинажодро сабабгори ин хисорат медонад, чун ин ду миллиард маҳз дар замони ҳокимияти Аҳмадинажод гум шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.