Даргузашти журналисти маъруфи радио Шарифи Мисайзод

Журналисти маъруфи радио Шарифи Мисайзод имрӯз дар синни 50-солагӣ бар асари сактаи қалб дар Душанбе аз олам даргузашт. Шарифи Мисайзод соли 1966 таваллуд шуда, аз соли 1992 дар радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», радиои «Фарҳанг» ба фаъолият пардохт. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар барномаи «Хоки Ватан»-и радиои «Тоҷикистон» ровигӣ карда, ҳамдиёронеро, ки қаламрави Тоҷикистонро тарк карда буданд, […]

ASIA-Plus



Журналисти маъруфи радио Шарифи Мисайзод имрӯз дар синни 50-солагӣ бар асари сактаи қалб дар Душанбе аз олам даргузашт.

Шарифи Мисайзод соли 1966 таваллуд шуда, аз соли 1992 дар радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», радиои «Фарҳанг» ба фаъолият пардохт.

Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар барномаи «Хоки Ватан»-и радиои «Тоҷикистон» ровигӣ карда, ҳамдиёронеро, ки қаламрави Тоҷикистонро тарк карда буданд, ба бозгашт ба Ватан даъват мекард.

Соли 2014 Шарифи Мисайзод дар номинатсияи «Беҳтарин радиожурналисти сол» дар озмуни «Ҷило» ғолиб дониста шуд.


Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешону пайвандон ва наздикони марҳум тасаллият изҳор намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.