Иштироки табибони тоҷик дар анҷумани саратоншиносони ИДМ

Дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус – шаҳри Минск анҷумани IX саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақаи АвруОсиё ҷараён дорад, ки то 17 июн идома меёбад. Дар чорабиниҳои анҷуман мутахассисон ва коршиносони муваффақ ширкат варзида, масоили муҳими табобат ва ташхиси бемориҳои саратон ва тарзу усулҳои роҳандозии фаъолияти хадамоти саратоншиносиро баррасӣ ва атрофи дастовардҳои […]

ASIA-Plus



Дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус – шаҳри Минск анҷумани IX саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақаи АвруОсиё ҷараён дорад, ки то 17 июн идома меёбад.

Дар чорабиниҳои анҷуман мутахассисон ва коршиносони муваффақ ширкат варзида, масоили муҳими табобат ва ташхиси бемориҳои саратон ва тарзу усулҳои роҳандозии фаъолияти хадамоти саратоншиносиро баррасӣ ва атрофи дастовардҳои саратоншиносии бунёдӣ табодули назар мекунанд.

Дар анҷумани мазкур Тоҷикистонро 10 нафар саратоншиносон намояндагӣ карда, ба иштирокдорони чорабинӣ 6 маърӯзаи илмӣ пешниҳод мекунанд. Дар ҷаласаи ташкили мубориза зидди саратон директори Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнов маърӯза карда, ба ҳозирин доир ба мушкилоту дурнамо ва дастовардҳои соҳаи саратоншинсоии Тоҷикистон маълумот дод.

Тибқи пешгӯии коршиносон, давоми солҳои 2015-2025 шумори ҳолатҳои гирифторӣ ба навъҳои гуногуни бемории саратон дар кишварҳои гуногун аз 16 то 30% меафзояд. Мушкилоти ин соҳаро коршиносон маблағгузории нокофӣ барои муолиҷаи бемориҳои саратон ва ҳамчунин дар сатҳи зарурӣ таъмин набудан бо таҷҳизоти ташхис унвон карданд.

Дар доираи чорабиниҳои анҷуман ҳамчунин бо иштироки ширкатҳои муваффақи дорусозӣ ва корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ намоишгоҳ баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 6,5 ҳазор нафар гирифторони бемории саратон ошкор карда мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.