Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Соати 09:00 дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Меъёрҳои интисоби (атрибутсия)–и арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ)” бо иштироки донишмандон, адибон, суханшиносон, фарҳангшиносон ва коршиносони варзида баҳси илмӣ баргузор мегардад. Гузоришгари баҳс доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода аст; – Дар […]

ASIA-Plus



Анонс



– Соати 09:00 дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Меъёрҳои интисоби (атрибутсия)–и арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ)” бо иштироки донишмандон, адибон, суханшиносон, фарҳангшиносон ва коршиносони варзида баҳси илмӣ баргузор мегардад. Гузоришгари баҳс доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода аст;

– Дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе оид ба баррасии парвандаи шаҳрвандӣ аз рӯи даъвои Дилором Раҳматова ва Ғаниҷон Раҳматов – волидони хизматчии ҳарбӣ Фирдавс Раҳматов мурофиа доир мегардад. Фирдавс Раҳматов бар асари муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш рӯзи 7 июни соли 2015 ҳалок шуда буд;

– Барномаи GIZ «Шартҳои қолабӣ ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD) дар ҳамдастӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ дар Китобхонаи миллӣ ҷаласа доир мекунад, ки дар он масоили таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар шароити бесуботии сартосарӣ дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд;

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки ҳунармандони маъюби Чин консерт доир мегардад;



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8685

сомонӣ;


1

евро –

8.7907

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1169

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1960

– Ифтитоҳи дармонгоҳи Гармчашма дар Помир.


2001

– Ҳамаи гаравгонони дар Тавилдара ва Теппаи Самарқандӣ ба асорат гирифташуда озод гардиданд.


2003

– Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрандони ҷумҳуриро ҷамъбаст намуд.


2009

— Собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов даст ба худкушӣ зад.


1926

– Зодрӯзи ботаник, узви вобастаи АИ Муҳаррам Расулова.


1959

– Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева.



Вазъи обуҳаво




Дар




вилояти




Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +12+17.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар доманкӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18 рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.