Шаҳринав: Cарчӯпон 758 чорвои рамаро азхуд кард

Кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, сарчӯпони яке аз хоҷагиҳои чорводории ноҳияро ба гумони азхудкунии моли хоҷагӣ дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда 758 сар чорвои майдаи шохдори хоҷагии чорводориро ғайриқонунӣ азхуд намудааст. Гуфта мешавад, арзиши умумии чорвои зикргардида 279 ҳазору 369 […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, сарчӯпони яке аз хоҷагиҳои чорводории ноҳияро ба гумони азхудкунии моли хоҷагӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда 758 сар чорвои майдаи шохдори хоҷагии чорводориро ғайриқонунӣ азхуд намудааст.

Гуфта мешавад, арзиши умумии чорвои зикргардида 279 ҳазору 369 сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.